Матни суруд
Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё
Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ
Ба поинҳо аз он боло – ману дарё, ману дарё
Ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад
Ду пуршӯрему пурғавғо – ману дарё, ману дарё
Ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам
Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё
Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё
На парвои сиёсатҳо, на парвои маломатҳо
Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё
Ба сад ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб
Давонем аз паси дунё ману дарё, ману дарё
Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё
Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё
Сурудҳои монанд
Ниссо
Daler Nazarov
Гули бодомам
Хурмо Ширинова
Дуэт
Олег Фезов
Ширин
Хурмо Ширинова
Ширингуфтор дори
Хурмо Ширинова
Гулро чида мерави ту
Хурмо Ширинова