Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Ай кабки дарӣ, биё ба паҳлӯям,
Хобат бибарад сари зонуям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Лабони сурхи ту ҷоми шароб аст,
Ало ай дилбари ман.
Ду чашмат наргисе аз боғи ноб аст,
Бути маҳпайкари ман.
Нагӯ қисса ту аз рӯзи ҷудоӣ,
Ало ай дилбари ман.
Ки бе ту зиндагӣ нақши ҳубоб аст.
Ай кабки дарӣ, биё ба паҳлӯям,
Хобат бибарад сари зонуям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Маро бигзор аммо бехабар не,
Ало ай дилбари ман.
Ба мардум ноз кун, бо ман магар не,
Бути маҳпайкари ман.
Худат донӣ халоиқ ҳам бидонад,
Ало ай дилбари ман.
Туро ман дӯст медорам магар не?
Ай кабки дарӣ, биё ба паҳлӯям,
Хобат бибарад сари зонуям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Биншин даме, сарви дилҷӯям,
То бо ту каме рози дил гӯям.
Караоке
Караоке «Кабки дари» аз Хурмо Ширинова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.