Матни суруд
Ҷони манӣ, сарви хиромони ман
Садқаи зеби занахат
Эй гули бехори гулистони ман
Пистаи хандон даҳанат
Сарви дилҷӯи ман, гули хушбӯи ман
Интизори туям, ҷони ман биё
Интизори туям, ҷони ман биё
Ҳастии худро ҳама додам ба бод
Дар ҳаваси рӯи ту ман
Сояи ту аз сари ман кам мабод
Эй гули раънои чаман
Шоми раҳамро ҳама ҷо чун чароғ
Ишқи ту рахшанда намуд
Ҳусни дилорои ту чун гул ба боғ
Ҷони маро зинда намуд
Сарви дилҷӯи ман, гули хушбӯи ман
Интизори туям, ҷони ман биё
Интизори туям, ҷони ман биё
Эй санами гулрухи симинбадан
Ошиқи рӯи ту манам
Як назар аз баҳри вафо кун ба ман
Эй бути гулпираҳанам
Ҷони манӣ, сарви хиромони ман
Садқаи зеби занахат
Эй гули бехори гулистони ман
Пистаи хандон даҳанат
Сарви дилҷӯи ман, гули хушбӯи ман
Интизори туям, ҷони ман биё
Интизори туям, ҷони ман биё
Ҷони ман биё
Ҷони ман биё
Ҷони ман биё
Ҷони ман биё
Караоке
Караоке «Лаъли Бадахшон» аз Хурмо Ширинова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.