Матни суруд
Эй боди баҳор, атри гул биёр,
Эй боди баҳор, атри гул биёр.
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор,
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор.
Ёри ман!
Эй шӯх, фиристодаӣ пайғом ба касе,
Тарсам, нашавӣ ёри дилором ба касе.
Чанд аз пайи ту чу соя гардам хомӯш,
Эй кабки дарӣ, магар шавӣ ром ба касе.
Эй боди баҳор, атри гул биёр,
Эй боди баҳор, атри гул биёр.
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор,
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор.
Ёри ман!
Эй боди баҳор, хоҳари обу шамол,
Парвардаи офтоби пурҳусну ҷамол.
Аз ёраки нозанини ман бӯса биёр,
Ман бепару болам, ту дорӣ пару бол.
Эй боди баҳор, атри гул биёр,
Эй боди баҳор, атри гул биёр.
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор,
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор.
Соқӣ, май биёр, бишканад хумор.
Ёри ман!
Караоке
Караоке «Bodi bahor» аз Avesto дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.