Матни суруд
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Занҷири сари зулфи ту маҷнунам кард,
Нодидани рӯйи ту ҷигархунам кард.
Ногаҳ назарам фитод бар холи лабат,
Холи лаби рӯзи шаб берунам кард.
Ногаҳ назарам фитод бар холи лабат,
Холи лаби рӯзи шаб берунам кард.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Дар васфи ту пайваста ба гулшан будам,
Бо ҳаҷри ту дар нолаву шеван будам.
Гуфтам ба дуо, ки чашми бадат дур аз ту,
Эй дӯст магар чашми бадат ман будам.
Гуфтам ба дуо, ки чашми бадат дур аз ту,
Эй дӯст магар чашми бадат ман будам.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Ай гирди ёрон меравӣ ё не,
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Охир мани гул мешавӣ ё не.
Мешавӣ ё не.
Караоке
Караоке «Girdi yoron» аз Avesto дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.