Матни суруд
Дар намозам хами абрӯи ту чун ёд омад
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад
Аз ман акнун тамаъи сабру дили ҳуш мадор
Ки таҷаммуле ки дидӣ ҳама барбод омад
Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд
Мавсими ошиқию кор ба бунёд омад
Мавсими ошиқию кор ба бунёд омад
Бӯи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам
Шод овард гули боди сабо шод омад
Шод овард гули боди сабо шод омад
Дар намозам хами абрӯи ту чун ёд омад
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад
Эй арӯси ҳунар аз бахт шикоят манамо
Ҳаҷлаи ҳусни биёрой, ки домод омад
Ҳаҷлаи ҳусни биёрой, ки домод омад
Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд
Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад
Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд
Мавсими ошиқию кор ба бунёд омад
Мавсими ошиқию кор ба бунёд омад
Бӯи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам
Шод овард гули боди сабо шод омад
Шод овард гули боди сабо шод омад
Дар намозам хами абрӯи ту чун ёд омад
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад
Дар намозам хами абрӯи ту чун ёд омад
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад
Караоке
Караоке «Омад» аз Шавкат Фирогатов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.