Матни суруд
Ҳамчу гул қисса ба лаб, лаб ба шакар меоӣ,
Лаб пур аз ханда чу арбоби карам меоӣ.
Нақши пои ту маро қибланамо мегирам,
Ҳамчу оҳу зи биёбон ба ҳарам меоӣ.
Наргис аз дидани рухсори ту девона шавад,
Эй парирӯи гулистони Ирам меоӣ.
Май чу дар шиша равад, боре ҳатто ҷӯш занад,
Масти дар пираҳани барги карам меоӣ,
Масти дар пираҳани барги карам меоӣ.
Аз хами абрӯяте моҳи ҳилоле шудаам,
Меравӣ аз сари болинаму кам меоӣ.
Ҳамраҳи ғайр аз пеши назарам мегузарӣ,
То кай қаҳр кунӣ, баҳри ситам меоӣ.
Наргис аз дидани рухсори ту девона шавад,
Эй парирӯи гулистони Ирам меоӣ.
Май чу дар шиша равад, боре ҳатто ҷӯш занад,
Масти дар пираҳани барги карам меоӣ,
Масти дар пираҳани барги карам меоӣ.
Ҳамчу гул қисса ба лаб, лаб ба шакар меоӣ,
Лаб пур аз ханда чу арбоби карам меоӣ.
Нақши пои ту маро қибланамо мегирам,
Ҳамчу оҳу зи биёбон ба ҳарам меоӣ.
Караоке
Караоке «Мехои» аз Шавкат Фирогатов дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.