Слова
Бирав, бирав, насими субҳидам
Ба лолаҳо бигӯ
Ҳанӯз ишқ ҳаст, баҳор ҳаст
Ба лолаҳо бигӯ
Ҳанӯз бӯйи васли ёр ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Ба ҳар сар биваз
Мунодӣ деҳ, мунодӣ деҳ
Ки офтоб ҳаст
Ҳанӯз бар сари ману
Ту офтоб ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Бирав, бирав, насими ринду
Ба дасти кӯзагар бигӯ, ҳанӯз хок ҳаст
Ба кӯзаҳо бигӯ, ки нашкананд, ҳанӯз бод ҳаст, ҳанӯз ток ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Ба ҳар сар биваз
Мунодӣ деҳ, мунодӣ деҳ
Ки офтоб ҳаст
Ҳанӯз бар сари ману
Ту офтоб ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Бирав, бирав, насими бомдод
Ба Масҷидулҳаром бигӯ, ҳанӯз як Билол ҳаст
Ҳанӯз як намози ҳалол ҳаст
Бирав, бирав, насим
Ба моҳиён бигӯ, ҳанӯз Юнус, ки дар рӯд ба об ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Ба ҳар сар биваз
Мунодӣ деҳ, мунодӣ деҳ
Ки офтоб ҳаст
Ҳанӯз бар сари ману
Ту офтоб ҳаст
Ба ҳар дара биваз
Караоке
Караоке «Бирав-бирав» — Юлдуз Усмонова на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.