Бесплатно и целиком, без регистрации
Слова
Оле, оле, оле, ола,
Оле, оле, оле, оле, оле, оле, ола.
Ҳастим Истиқлолем,
Бозигари футболем,
Дар бозиҳо ҳамеша
Мо ташнагони голем.
Тими босарафрозем,
Футболи хубе бозем,
Ёрии мухлисонро
Дар бозӣ дар ниёзем.
Ай мухлисони футбол,
Бо нозу файзи иқбол,
Хуш бигиред Истиқлол,
Бозӣ кунем футбол!
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
О-о-о, о-о-о, о-о-о, о-о,
О-о-о, о-о-о, о-о-о, о-о.
Ҳунарманди тими Истиқлоли мо обод,
Аҷаб хушбозии футболи мо обод,
Замони зеби бозиголи мо обод,
Зафарбахшанда дар иқболи мо обод.
Шараф ҷуз нангу ори тим надорем,
Ҳарифи пурзӯр бошад бим надорем,
Ғаме ҷуз бозии қоим надорем,
Ба майдон ҷуз ҳунар ҳоким надорем.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол!
Истиқлол!
О-о-о, о-о-о, о-о-о, о-о,
О-о-о, о-о-о, о-о-о, о-о.
Ба майдон моҳирона тӯб ронем,
Ҳамеша дар ниёзи мухлисонем.
Ҳарифро гол задан ҳаргиз намонем,
Шарафро ҳифз карда метавонем.
Намоем бо маҳорат тӯбронӣ,
Бигирад даста номи қаҳрамонӣ.
Ҳакам довар шавад бо меҳрубонӣ,
Расонем мухлисонро шодмонӣ.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол, Истиқлол,
Ҳамеша бо ту бошад файзу иқбол.
Истиқлол!
Караоке
Караоке «Isteqlal» — Sadriddin Najmiddin на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.