Слова
Фосилаҳо миёни мо
То дуриҳо, то бар само
Дастҳои мо аз ҳам ҷудо
Эй вой Худо, эй вой Худо
Ман ҳам хазони пурғубор
Танҳотарину интизор
Ду так дарахти ташнаӣ
Андар ғуруби шӯразор
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар саройи вайронам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар паноҳи дастонам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар садои сӯзонам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар мазори армонам
Мо ҳар куҷоем
Зиндаҷудоем
Кай мешавем аз ғам раҳо
Эй вой аз ҷудоиҳо
Ногуфтаҳо ногуфта монд
Дар ҳукми бесадоиҳо
Дилҳо ба ҳам намерасанд
Эй вой беҳамнафасанд
Ногуфтаҳои ману ту
Паррандае дар қафасанд
Ногуфтаҳои ману ту
Паррандае дар қафасанд
Мо ҳар куҷоем
Зиндаҷудоем
Ғуруби танги рӯзгор
Байни ману ту монда тор
Хазони дерпои мо
Дигар намешавад баҳор
Хазони дерпои мо
Дигар намешавад баҳор
Фосилаҳо миёни мо
То дуриҳо, то бар само
Дастҳои мо аз ҳам ҷудо
Эй вой Худо, эй вой Худо
Ман ҳам хазони пурғубор
Танҳотарину интизор
Ду так дарахти ташнаӣ
Андар ғуруби шӯразор
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар саройи вайронам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар паноҳи дастонам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар садои сӯзонам
Ҷои ту холӣ (Холӣ)
Дар мазори армонам
Мо ҳар куҷоем
Зиндаҷудоем
Караоке
Караоке «Jai to Khali» — Sadriddin Najmiddin на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.