Слова
Ҳам ёри мо Худову мададгори мо Худо,
Мушкилкушои бандаву ғамхори мо Худо.
Моро дар ин ҷаҳони пурасрор офарид,
Идроку ақл, донишу асрори мо Худо,
Идроку ақл, донишу асрори мо Худо.
Гоҳ аз ҷафои чархи фалак нолаҳо кунем,
Охир ҳабибу ҳамдаму дилдори мо Худо.
Гоҳе зи дарду ранҷ равем аз пайи табиб,
Гоҳе зи дарду ранҷ равем аз пайи табиб,
Дорушшифои ин дили бемори мо Худо,
Дорушшифои ин дили бемори мо Худо.
Модар барои мо нигарон аст рӯзу шаб,
Дорам умед аз он ки нигаҳдори мо Худо.
Ҳарчанд гӯям аз караму лутфи меҳри ҳақ,
Ҳаққо ки меҳрубону вафодори мо Худо.
Ҳам ёри мо Худову мададгори мо Худо,
Мушкилкушои бандаву ғамхори мо Худо.
Рӯи замин зи файзи илоҳӣ мунаввар аст,
Анвори рӯҳбахшу шарарбори мо Худо.
Шукрона кун ҳамеша Сафар то ки зиндаӣ,
Дар ҳар ду даҳр холиқу ҷаббори мо Худо,
Дар ҳар ду даҳр холиқу ҷаббори мо Худо.
Ҳам ёри мо Худову мададгори мо Худо,
Мушкилкушои бандаву ғамхори мо Худо,
Мушкилкушои бандаву ғамхори мо Худо,
Мушкилкушои бандаву ғамхори мо Худо.
Караоке
Караоке «Худо» — Амриддин Олифтаев на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.