Lyrics
Ёри рамида омада
Нури ду дида омада
Ҳамчу кабутари умед
Ин чӣ парида омада
Ёри рамида омада
Нури ду дида омада
Ҳамчу кабутари умед
Ин чӣ парида омада
Дастаи гул зи нима раҳ
Чидаву чида омада
Дастаи гул зи нима раҳ
Чидаву чида омада
Ё ки ба қадри ошиқон
Рафта расида омада
Ё ки ба қадри ошиқон
Рафта расида омада
Ёри рамида омада
Нури ду дида омада
Ҳамчу кабутари умед
Ин чӣ парида омада
Бори дигар маро зи нав
Ӯ чу падида омада
Бори дигар маро зи нав
Ӯ чу падида омада
Бар лабу бар забони ман
Шеъру қасида омада
Бар лабу бар забони ман
Шеъру қасида омада
Ёри рамида омада
Нури ду дида омада
Ҳамчу кабутари умед
Ин чӣ парида омада
Эй...
Эй нигори гулзори ман куҷоӣ
Ҳабиби ғамгусори ман куҷоӣ
Зи ҳаҷрат чу гул пажмурда гаштам
Гули андар баҳори ман куҷоӣ
Эй зи шамъи рӯи ту парвона гаштам
Маҳи дар шоми тори ман куҷоӣ
Эй зи дидори рухат гардида равшан
Ду чашми ашкбори ман куҷоӣ
Эй ду чашми ашкбори ман куҷоӣ
Эй...
Симини баданӣ
Ширини суханӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Симини баданӣ
Ширини суханӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Бинмо зи карам сайди доми худро боз раҳо
Аз доми ҷафою сӯзиши ноз раҳо
Ишқи ту чу дому дона, сина қафасе
Бишкан қафасу маро даме соз раҳо
Симини баданӣ
Ширини суханӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Нодида равам вале ниҳоят гули ман
Нолида равам наменамояд гули ман
Гӯям ки равам яке бубинам рухи ӯ
Нодида равам намебарояд гули ман
Нодида равам намебарояд гули ман
Симини баданӣ
Ширини суханӣ
Ёрам ту аҷаб
Гулпираҳанӣ
Эй...
Эй дунёи орзуям, Лайло ба ноз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Эй мақсуди ҷустуҷӯям, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Кай бошадо ки боре ёбад дилам қароре
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Бошӣ ту рӯ ба рӯям, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Рақсида мебароям, шеъру ғазал сароям
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Гар бигзарӣ зи кӯям, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Гар бигзарӣ зи кӯям, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Лайло ба ноз Лайло, ай дилнавоз Лайло
Sing karaoke
Sing Попурри by Aqnazar Alovatov as karaoke on Echo: the instrumental version plays without the vocals, and pitch feedback listens through your microphone and shows how close your notes are to the original melody. Free.