Матни суруд
Маҳбубаи ҷон, ки бахтиёр аст,
Аз орази хеш хуррам баҳор аст.
Маҳбубаи ҷон, ки бахтиёр аст,
Аз орази хеш хуррам баҳор аст.
Ҳаргиз ба лабаш ханда камӣ нест,
Гулҳои сапед дар дашт ба бор аст.
Ҳаргиз ба лабаш ханда камӣ нест,
Гулҳои сапед дар дашт ба бор аст.
Ойинаи дил ба хонаи чашм,
Аз талъати ӯ ситорабор аст.
Ойинаи дил ба хонаи чашм,
Аз талъати ӯ ситорабор аст.
Аз ҳусни ҷамоли ӯ ҳувайдо,
Ранги гули сурхи арғувон аст.
Аз ҳусни ҷамоли ӯ ҳувайдо,
Ранги гули сурхи арғувон аст.
Дил меравад аз ихтиёр, оҳ,
Хуш дилбари соҳибихтиёр аст.
Дил меравад аз ихтиёр, оҳ,
Хуш дилбари соҳибихтиёр аст.
Ин шеър маро ба ёд, дилафрӯз,
Аз номи Раҳим ёдгор аст.
Ин шеър маро ба ёд, дилафрӯз,
Аз номи Раҳим ёдгор аст.
Караоке
Караоке «Барои Дилафруз» аз Хурмо Ширинова дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.