Ройгон ва пурра, бе бақайдгирӣ
Матни суруд
Дар рӯи ҷаҳонем, надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонем, надонем замон чист.
То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.
То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.
То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист.
То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем хазон чист.
То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем... ҳе...
Худоё, ҳе...
Ношукрии мо бар намаки муфт зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист.
То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.
То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.
Надонем... ҳе...
Нишон чист...
Ҳооо...
Караоке
Караоке «Nadonem jahon chist» аз Avesto дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.