Слова
Дил ба ишқат зинда мебошад ҳанӯз,
Ҷон ба ёдат нола дорад шабу рӯз.
Боваре дорам, ки бинам рӯи ту,
Кай шавад то соати фархундарӯз.
Рӯи гул бо ашкҳо мешӯямаш,
То саҳар кӯи туро меҷӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
Булбул аз оҳи дилам дар нола шуд,
Ҳамнафас бо ман асиру вола шуд.
Васфи ту гуфтам ба пеши аҳли дард,
Он ҳадиси ишқи ин садсола шуд.
Рӯи гул бо ашкҳо мешӯямаш,
То саҳар кӯи туро меҷӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
То расад овози дил бар гӯши ту,
Эй сабо, боди сабо мегӯямаш.
Караоке
Караоке «Садои дил» — Мукаддас Набиева на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.