Бесплатно и целиком, без регистрации
Слова
Тоҷикистони азизи ҷонширинтарам,
Тоҷикистони ҷавону дилбарам.
Қуллаҳои ошиёни бахти ман,
Бо ту бошам сарбаланди кишварам,
Бо ту бошам сарбаланди кишварам.
Дӯст дорам халқи гулдасти туро,
Чашмаҳою рӯди пуршасти туро.
Дӯст дорам кӯҳҳои саркашат,
Кабки дарии шӯху сармасти туро,
Кабки дарии шӯху сармасти туро.
Дӯст дорам резасангони туро,
Боғу роғи бехазони туро.
Дӯст дорам ҳар ниҳоли сабзи ту,
Ҳам Бадахшону Зарафшони туро,
Ҳам Бадахшону Зарафшони туро.
Бахти манро бин, шудам ҳампои ту,
Ҳаст аз имрӯз аён фардои ту.
Ҳизби Ленин раҳнамои бахти мо,
Фахр дорам ман сари болои ту,
Фахр дорам ман сари болои ту,
Фахр дорам ман сари болои ту,
Фахр дорам ман сари болои ту.
Караоке
Караоке «Точикистон» — Мукаддас Набиева на Echo: инструментальная версия без голоса и подсказка по нотам — Echo слушает микрофон и показывает, насколько ваши ноты совпадают с оригинальной мелодией. Бесплатно.