Матни суруд
Дили ман бе рӯят саҳнаи ғамҳост
Дили ман аз барат дурӣ намехост
Шаби ман моҳ надорад, ба ёдат ки найӣ
Хун шуд ин қалб саропо
Бе ту дар бистарам мавҷ мезанад об
Бе ту дар чашми тарам мешиканад хоб
Ту найӣ, холӣ бувад нигоҳи чашмони тарам
Ашкҳои равон-равон
Мебарад дили ман ҳама асрори туро
Нависам ман ба зар ҳама гуфтори туро
Наққошӣ намудам ҳама рафтори туро
Шаби ман то ба кай моҳ надорад, биҷӯям нури туро
(нури туро)
Биё қурбонат шавам ман
Бе нур аз ғамат моҳи шабистон
Гармии дарди дилам нолаи чандон
Имшаб аз бахти сияҳ то ба кай, то ба кай
Биҷӯям нури туро
Ёд бикун, ёд бикун аз нигоҳи ман
Дар гузар моҳрухе сӯи осмони ман
Дил равад аз пайи ту то ба кай, азизи ман
Пинҳонӣ дорӣ ҳануз
Мебарад дили ман ҳама асрори туро
Нависам ман ба зар ҳама гуфтори туро
Наққошӣ намудам ҳама рафтори туро
Шаби ман то ба кай моҳ надорад, биҷӯям нури туро
(нури туро)
Биё қурбонат шавам ман
Мебарад дили ман ҳама асрори туро
Нависам ман ба зар ҳама гуфтори туро
Наққошӣ намудам ҳама рафтори туро
Шаби ман то ба кай моҳ надорад, биҷӯям нури туро
(нури туро)
Биё қурбонат шавам ман
Караоке
Караоке «Дарди ишк» аз Парвина Шукруллоева дар Echo: версияи инструменталӣ бе овоз ва нишондиҳии нотаҳо — Echo тавассути микрофон гӯш мекунад ва нишон медиҳад, ки нотаҳои шумо ба оҳанги аслӣ то чӣ андоза наздиканд. Ройгон.